БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистонро аз хатарҳои беруна ҳифз менамоем

Ҷ.БАЛХӢ. Вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  Абдулҳаев Маҳмадсаид ва  кормандони масъули он дар ҷамоати деҳоти ба номи  И. Эсанқулови   ноҳия бо сокинон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид  иброз дошт, ки ҳаракатҳои террористии ба ном давлати исломӣ ҷаҳонро дар руҳияи ваҳшоният қарор дода, аҳолии осоиштаро кушта, кишварҳоро харобу ғapқи хун ва барои амалӣ кардани ғаразҳояшон гурӯҳҳои террористӣ аз нерӯи ҷавонони кишварҳо истифода мебаранд.

Ҳамзамон, дар бораи қонуни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбат намуда, мазмуну моҳияти онро ба иштирокчиён фаҳмонда дод.

Сипас, дигар баромадкунандагон оид ба  ҳадаф ва моҳияти эълон гардидани соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози ақида намуда,  қайд карданд, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад, андешаронӣ карданд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg