
Ҷ.БАЛХӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи бемориҳои сил» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъулин моҳияти суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа, иштирок дар семинар-машварати кишоварзон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои номатлуби ҷомеа, тарбияи дурусти фарзанд, риояи талаботи қонунҳои миллӣ ибрози андеша намуданд.
Дар охир иштирокдорон суханрониҳои Алиев Зафарро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, қайд карданд, ки амалӣ кардани сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳм хоҳанд гузошт.