
ХУРОСОН. Дар маҳаллаи Ориёни ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини-раис мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан Азизова Сабоҳат атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин ва иштирок дар семинар-машварати кишоварзони вилояти Хатлон андешаронӣ намуда, моҳияти дастуру супоришҳои Пешвои миллатро ба сокинон расонид.
Дар охир ба иштирокдорон маводҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карда шуданд.