БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нерӯи барқ бояд оқилона истифода шавад!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ   дар Идораи барқи ноҳия бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиев Зафар  иштирок ва андешаронӣ намуд.

Нахуст, Алиев Зафар  дар назди ҷамъомадагон оид ба дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар дар мулоқот бо фаъолони кишвар бахшида ба моҳи шарифи Рамазон, иштирок дар семинар машварати кишоварзони вилоят  ироа гардиданд,  ёдовар шуда, инчунин дар ин росто самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, риояи талаботи қонунҳои миллӣ,  истифодаи оқилонаи нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи  хизмати он,  тарбияи дурусти фарзандон ва дигар мавзӯъҳои  мубрами рӯз суханронӣ намуда,  иштирокдоронро баҳри иҷрои саривақтии  дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  маслиҳатҳои судманд дод. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg