БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ ҶИҲАТИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ БО ҶАВОНОНУ НАВРАСОН

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақша- чорабиниҳои тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу эзоҳи, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” кормандони масъули ҳизбӣ дар ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсови ноҳия бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни суҳбат бо хонандагон масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки Пешвои муаззами миллат аз вақте, ки ба сари қудрат омаданд, ғамхори ҷавонону наврасон мебошанд ва пайваста такрор ба такрор дар ҳамаи баромадҳову паёмҳояшон таъкид менамоянд, ки “...ҷавонон ояндаи давлату захираи миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеаи демократӣ маҳсуб меёбанд”  

Бинобар ин ҳамаи ҷавононро зарур аст, ки хубу аъло таҳсил намуда, илмҳои замони хешро аз худ намоянд, мутахассиси варзида шуда ба Ватану миллати хеш содиқона ва софдилона хизмат намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg