БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАКТАБУ САНЪАТИ КАРОМАТУЛЛО ҶОВИДОНА АСТ

АНДЕША. Охири ноябри соли 1961 Кароматулло Қурбонов – яке аз ситораҳои дурахшонтарини санъати тоҷик ба дунё омад. Ӯ аз хурдӣ ба навохтану суруд хондан майлу хоҳиши зиёде дошт. Сабку услуби ҳиндуиву афғониро бисёр меписандид.

Тавре аз суханони аммааш -  Қосимова Назокат зимни як суҳбат бармеояд, ӯ чунин мегӯяд ки: “Гоҳо ба хонаи бародарам – Қурбонов Аҷикулло хабаргирӣ мерафатам, Кароматуллоҷон наздам меомаду - амма - гуфта, мепурсид, то барояш ягон намуд асбоби мусиқие овардаам. Ҳар боре, ки ба хонаашон мерафатам, ҳатман барои Кароматуллоҷон ягон намуд асбоби мусиқӣ мебурдам, ки он вақт дар хонаи маданияти н. Москва (ҳозира Ҳамадонӣ) машғули ҳунари худ буд”.

Ҳамзамон мавсуф дар идома гуфт, ки: “Кароматулло барои як сурудро оҳанг бастану ва онро пешкаши мухлисон намудан ончунон заҳмат мекашид, ки ҳатто ҳис намекард, то рӯз чӣ гуна шаб мешуду шаб чӣ гуна рӯз. Бо туфайли ҳунари волою нотакрори худ ва завқи бепоён доштан нисбат ба касби хеш ӯ ба дилу дидаи мардуми тоҷик роҳ ёфт. Дар ин умри кӯтоҳи худ ба мақсадаш расид, вале, афсӯс...”

Дареғо, ки омадану рафтан ба ин сарои кӯҳанбунёд навбат аст. Тавре мегӯянд: “Оянду раванд, боз оему равем”. Шоми 17 октябри соли 1992 барои миллат шаби хунину ваҳшоният буд. Зеро аз ҷониби як гурӯҳи мусаллаҳи авбошсифат худи ҳамон шом Кароматуллои ҷавоне, ки дар дил ҳазорон орзуҳояш ногуфтаву сурудҳои носароида ва аз зиндагӣ шаҳде ночашида, ҳамроҳи дастаи эҷодӣ ва бародараш (Наврӯз Қурбонов) ба таври ваҳшиёна кушта шуданд. Марги нобаҳангоми Кароматулло барои тамоми Тоҷикистон даҳшат буду бовар нокарданӣ. Барои марги Кароматулло тамоми хурду бузурги халқи тоҷик ашки ҳасрату дилсӯзӣ рехт ва то ба ҳол низ ин дард дар қалби бисёриҳо бедаво мондааст.

Лекин Кароматулло дар дунёи мусиқӣ сабку услуб ва мактаби махсуси худро дошту онро барои дигарон монду рафт. Имрӯзҳо, хушбахтона, ин мактабро, ин пайроҳаро фарзандони бонангу бономусаш – Муҳаммадрофе ва Нозиябону идома дода истодаанд.

Дар охирҳои моҳи ноябри соли 2021 бо иштироки Муҳаммадрофеи Кароматулло ва Нозияи Кароматулло дар чанд шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи Кароматуллои Қурбон ба хотири гиромидошти хотираи ин фарзонафарзанди миллат, яъне 60-солагии ахтари пурҷилои санъат - Кароматулло бо шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.

Дар робита ба ин, аз аммааш пурсон шудем ва ӯ чунин қайд доштанд: “Ман бо ҳамроҳии Муҳаммадрофеъ ва Нозиябону рӯзи 30.11.2021 барои гулгузорӣ дар назди нимпайкараи Кароматуллоҷон, ки дар саҳни Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб воқеъ аст, иштирок намудем. Барои ман ва аҳлу оилаи марҳум Кароматуллоҷон ин чорабинӣ хеле хотирмон буд. Зеро коллективи коллеҷ ҳамроҳии муовини раиси шаҳри Кӯлоб - Орзу Ҳамидиён бо як муҳаббати хоса моро истиқбол гирифтанд. Махсусан, директори коллеҷ муҳтарам Бедаков Шариф бо як маданияти баланд ва меҳру муҳаббати бепоён моро пазироӣ намуданд”.

Илова бар ин, Қосимова Назокат қайд карданд, ки: “Барои ташкили чунин ҳамоиш ба тамоми аҳли кормандони коллеҷ, хусусан, ба роҳбари он – Шариф Бедаков миннатдории самимонаи оилаи Кароматуллоҷонро мерасонам. Ва дар вазифаи пуршарафашон комёбиҳоро орзумандам”.

Воқеан, Кароматулло лутфи Худо буд барои санъату миллати тоҷик. Дар замоне, ки Кароматулло аллакай ҷавони баркамолу мавқеи баланди худро дар санъати тоҷик пайдо карда буд, дар кишварамон исён сар шуд. Вале дар ҳамон лаҳзаҳои вазнин барои миллати тоҷик Кароматулло миёни халқ буд. Ва бо навои нотакрораш дилҳои шикаставу дардманди мардумро давобахш, қалбҳоро сафобахш ва чароғи маҳфилҳои халқро фурӯзон нигоҳ медошт. Бо бовари метавон гуфт, ки мактабу саҳнаи Кароматулло холи нест ва он ҷовидона хоҳад буд.

Саймуминзода Фирӯз Саймумин,  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg