БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ДАСТУРИ МУКАММАЛ ДАР ФАЪОЛИЯТИ МОСТ

ДАНҒАРА. Бо иштироки бевоситаи Абдуллозода Фариза муовини раиси ноҳияи Данғара, Каримзода Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ҷамоати деҳоти Исмат Шарифови  ноҳияи Данғара ба фаъолон ва аҳолии ҷамоати номбурда  роҷеъ ба шарҳу тавзеҳи  Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 21 – декабри соли 2021, ироа гардида буд, мулоқот доир гардид.

Масъулин дар баромадҳои хеш иброз намуданд,    ки Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, таъмини  амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.

Дар охири маҷлис аз тарафи иштирокдорон ба масъулин  саволҳо пешниҳод карда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg