БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тақозои замон аст

Н.ХУСРАВ. Раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав   Алиева  Сураё  ҳамоиши  ҳунарҳои  мардумии   Маҳаллаи  Бешкаппаи  ҷамоати  деҳоти  «Наврӯз»-ро  ифтитоҳ  намуда  қайд  намуд, ки  эълон  гардидани   соли  2018 ҳамчун «Соли Рушди  сайёҳи  ва  ҳунарҳои  мардумӣ» падидаи  накӯест дар  дунёи  ҳунар, ки  дар  кишвари  мо  ба  рушди  сайёҳи  ва  ҳунарҳои  мардумӣ мусоидат  менамояд. Насли  ҷавони  кишвар аз ин иқдоми Пешвои миллат сипосгузоранд, зеро Тоҷикистон ба рушди сайёҳ, имконоти воқеӣ дорад ва мо метавонем ҳунарҳои миллиро рушди тоза бахшида, ҳазорҳо нафар ҳамватанонро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намоем ва тавассути дастранҷи бонувони ҳунарманд миллатро дар дунё муаррифгар бошем. Тарроҳону  ҳунармандони  кишварро мебояд ҳарчи беҳтару бештар либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои  мухталифу эътирофгардидаро  ба аҳли ҷомеа пешниҳод намоянд то занону духтарон  ва  ҷавонони мо ба бегонпарастӣ роҳ надода,либосҳои милии худро ба бар кунанд ва миллатро ба ҷаҳониён маҳз бо либосҳои миллӣ шинос намоянд.

   Қайд  кардан  зарур  аст, ки  ҳунарҳои  сунатии  миллӣ на  танҳо  мероси  таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳимми фарҳанги  маънавии муосир  маҳсуб  меёбад.

    Бахшида  ба  соли  «Рушди  сайёҳи  ва  ҳунарҳои  мардум,» дар ташкилоти   ибтидоии  маҳаллаи  Бешкаппаи   ҷамоати  деҳоти  «Наврӯз»-и ноҳияи  Носири  Хусрав ҳамоиши  «Эҳёи  ҳунарҳои  мардум, тақозои  замон »  бо  иштироки  васеи  ҷавонону  наврасони  маҳалла баргузор  гардид. Мақсад  аз  баргузори  ҳамоиши  мазкур  ин  эҳёи  корҳои хонагӣ ва  бо  ин  васила  паст  кардани  шиддати  бекориву камбизоатӣ ва рушди  иқтисодиёти ҷомеа  мебошад.

    Дар  ҳамоиш  маҳсули  дасти  сокинони  маҳаллла  аз   ҷумла  чакандӯзӣ, атласдӯзӣ, сохтани асбобоҳои  рӯзгор, ҳар  гуна  бозичаҳои  кӯдакона, нақши  мусавараҳо, гилмбофӣ ба марази  тамошо  гузошта  шуданд.       

   Масъулин ба ҳунарҳои  ҷолибу диққатҷалбкунанда  баҳои  сазовор дода, ғолибон  бо  ифтихорномаҳои  Кумитаи  иҷроия  сарфароз  гардонида  шуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg