БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ ВОХӮРИҲОИ ВАКИЛОН ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

КӮШОНИЁН. Дар маркази ноҳия, ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Шодиён Султонзода, Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода ва Файзулло Машраб Қурбоналӣ бо фаъолони ҷамоат  доир гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон,  муовини ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Собиров Ҷӯрабой, муовини ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Қувватзода Обидҷони Шаҳобиддин, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Олимӣ Ашӯралӣ, кормандони ташкилоту корхонаҳо, раисони маҳаллаҳо, эмомхатиби масҷиди панҷвақта ва сокинон иштирок намуданд.

Ҷамъомадро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шомалангова Миҷгона кушода ҳадафи мулоқотро ба ҳамагон фаҳмонид.

Баъдан вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Шодиён Султонзода, Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода ва Файзулло Машраб Қурбоналӣ доданд. Вакилон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ доданд.

Инчунин, дигар баромадкунандагон низ роҷеъ ба самтҳои Паёми навбатӣ фикру андешаҳои хешро иброз дошта,  сокинонро барои татбиқи ҳадафҳои созанда раҳнамоӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg