БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМИ БАДАХШОН БА РАСМУ ОИНИ МИЛЛӢ ПОЙБАНДАНД

ВОКУНИШ. Яке аз рукнҳои фарҳанги миллиро либоси миллӣ ташкил медиҳад. Либоси миллӣ дар баробари забон таҷассумгари ҳастии миллат ва шиносномаи давлату миллат дар арсаи ҷаҳон аст. Ҳар миллатро бо либос, фарҳанг ва урфу одаташ мешиносаду эътироф менамоянд.

Тоқии сурхи пӯпакдор, ҷӯроби бадахшӣ ва куртаи сафед бо камзулчаи сурхи бадахшонӣ як ҷузъи либоси миллӣ ва фарҳанги тоҷиконаи мардуми Бадахшон аст. Агар писари бадахшонӣ дар Аврупову Амрико ва Осиёву Африқо маросими хонадоршавӣ баргузор кунад, дар баробари шиму кастуми аврупоӣ ҳатман тоқии сурхи пупакдори худро болои сараш мегузорад ва агар бонуи бадахшӣ издивоҷ барпо кунад, ҳатман руймоли чоргулаи сурхи хешро болои сар мекунад,  ки ин нишои побарҷо будани як миллат ба расму оинии миллӣ ва аҷдодӣ мебошад. Ҳамин пойбанд будани мардуми яке аз минтақаҳои Тоҷикистон- Бадахшон ба расму оини миллӣ ва фарҳаги хосии тоҷикона аст, ки имрӯз миллати тоҷикро ҳамчун миллати тамаддунофар дар ҷаҳон мешиносанду эҳтиром мекунанд.

Табиист, ки мо дар ҷомеаи демократӣ умр ба сар мебарем ва чунин ҷомеа озодии виҷдон, рафтор, муносибат, интихоби озоди сарулибос ва амсоли инро тақозо ва таъмин мекунад, аммо ин озодиҳо бояд меъёр ва ҳадди худро дошта бошанд. Ҳарчанд ҳудуди марзи ҳар гуна озодиро пеш аз ҳама, қонун муайян мекунад, дар ин самт маърифати инсонӣ ва ҳувияти миллӣ низ бетаъсир буда наметавонанд.

Мавлоно Шоҳкарим-ал-Ҳусайнӣ, ки дар қалби Аврупо таваллуд шудаву таҳсили пештозтарин донишгоҳҳои олами Ғарбро гирифтааст, харизма ё худ симпатияи вижа дорад. Оламиёнро ба хусус тарзу усули либоспӯшии пешвои 1 мазҳаб, ки авлоди бевоситаи дудмони пайғамбари Ислом мебошад, шефта кардааст. Шоҳзода Оғохон бар зидди тамомии стереотипҳои шарқиву ғарбӣ риш намемонад ва ҷомаву дастори шарқӣ намепӯшад. Услуби либоспӯшии ӯ имрӯз ҳатто аврупоиёнро мухлиси Ислом кардааст. Ин аст, ки Оғохони 4 барандаи ордену медалу нишону унвонҳои фахрии қариб тамоми давлатҳои пешрафтаи олам аст ва бо ҳама ашхоси прогресси аср дидор мекунад ва меҳмони гиромиву деринтизори ҳар хонадони шоҳону маликаҳои Аврупост.

Ва ҳамин аст, ки сокинони Тоҷикистон Мавлоно Шоҳ Карим Оғохони IV-ро на танҳо чун имоми исмоилиён, балки ҳамчун як дӯст ва хайрхоҳи тамоми мусалмонони дунё эҳтирому эътироф мекунанд, зеро ки эшон  ҳамеша хоҳони сулҳ ва оромиш дар Тоҷикистон аст.

Аммо ҷоиз ба ёдоварист, ки марги як тан аз шаҳрванди Бадахшон Гулбиддин Зиёбеков нафаре, ки бо сабаби содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва поймол кардани қонун дар кофтуков қарор дошт, наметавонад, бо ин иллат, ки дар Бадахшон, ба вижа Хоруғ ва  хориҷ аз кишвар, гирдиҳамоиҳо ва норозигии оммавӣ баргузор гардад, зеро ки  Мавлоно Шоҳ Карим Оғохони IV  ҳамеша хоҳони сулҳ ва оромиш дар Тоҷикистон аст.

Мо ба иродаву заковати мардуми Бадахшон бовар дорем, зеро ки мо онҳоро ва онҳо моро дӯст медоранд, чунки мо як Ватан дорем, ки онро ном Тоҷикистон аст.

Саёҳат Абдуллозода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg