БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

ДАНҒАРА. Дар ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи  ноҳияи Данғара  бо иштироки Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Фариза муовини раиси ноҳияи Данғара, Каримзода Пирмуҳаммад Авғон  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара,  ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид.

Нахуст Абдулхолиқзода Лутфия  оид ба муҳтавои Паём суханронӣ намуда, қайд кард, ки Ҳукумати мамлакат ҳадафҳои стратегии миллӣ, яъне таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат ва васеъ намудани шуғли пурмаҳсулро тадриҷан амалӣ карда истодааст.

Сипас, Абдуллозода Фариза  ба сухан баромада иброз  намуд, ки дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи Президентӣ хатм кардаанд.

Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил карда истодаанд.

Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст.

Дар охири маҷлис таъкид гардид, ки “мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем”, иброз дошт Каримзода Пирмуҳаммад Авғон.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg