БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИИ КИШВАР БО СОКИНОН МУЛОҚОТ НАМУД

Ҷ.БАЛХӢ. Дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳия вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар баргузор гардид.

Сараввал раиси Шӯрои собиқадорони ҳизбӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмасаид баромад намуда, ҳозиринро аз мақсади вохӯрӣ огоҳ намуд. Баъдан  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар оид ба тафсиру тавзеҳи Паёми ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуда, аз сокинон даъват намуд, ки дар ободию пешравии ҷомеа, рушди соҳаи маориф, рушди соҳаи саноат,  баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, муқовимат бо фасод, муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ ва тарбияи комили насли наврас саҳмгузор бошанд. Дар охир муроҷиату пешниҳодоти сокинон шунида шуда, дар ҳалли баъзе масъалаҳои барои ҷомеа муҳим тавсияҳои судманд аз ҷониби вакил дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg