
ДӮСТӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар оромгоҳи деҳаи Маркази ҷамоати деҳоти ба номи Г.Гулмуродов Аксияи ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" доир гардид.
Дар аксия мазкур мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абӯбакр Ҷалолов, намояндагони ҷамоати деҳот, домуллои масҷиди панҷвақта, раисони Кумитаҳои маҳал ва сокинон аз деҳаҳои марказ ва М.Турсунзода бо шумораи зиёда 100 нафар ҳашарчиён иштирок намуданд. Зимни аксия атрофи оромгоҳ ва дохили он аз алафҳои хушку бегона тоза гардида, ба руҳу арвоҳи гузаштагон дуои хайр карда шуд.