БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ БО МАРДИКОРОН

ВОСЕЪ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо мардикорон вохӯрӣ баргузор намуданд.

Сараввал мудири шуъбаи занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Юсупов Баҳром мардикоронро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику муборакбод намуда, ба онҳо рӯзгори тинҷу босаодат,  дастархони пурнеъмат ва бурдбориҳову комёбиҳоро таманно намуд.

Баъдан оид ба сару садоҳои беасоси гурӯҳҳои ифротӣ андешаронӣ карда шуда, таъкид гардид, ки ҳамаи моро зарур аст, ки ҳушёру зирак бошем, фирефтаи иғвоҳои гурӯҳҳои тундгаро нашавем, шукронаи пеш аз ҳама тинҷиву оромӣ ва осудагии ватани хешро намоему баҳри ободиву зебогии он сарҷамъ шуда,  сидқан талош намоем. Зеро Ватан тинҷу ором бошад ва мо якҷоя ин неъматро нигаҳбон бошем ҳеҷ як гурӯҳе наметавонад зиндагии осоиштаи моро халалдор созад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg