БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОХТМОНИ ИНШООТҲОИ ГИГИЕНӢ ОҒОЗ ГАРДИДАНД

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва иҷрои бандҳои нақшаи корӣ сокинони деҳаи Ғофилободи ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ  лоиҳаи пешниҳод намудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро вобаста ба сохтани иншооти гигиенӣ бо усули дренажӣ дастгирӣ намуда, бо ташаббуси аъзо ва тарафдорони ҲХДТ ва соҳибкорон дар деҳаи худ сохтмони як иншооти гигиении замонавӣ бо усули дренажӣ якҷоя бо утоқи кории раиси кумитаи маҳалларо оғоз намуданд..

Бояд қайд намоем, ки мавҷуд будани чунин як иншооти гигиенӣ хатари сироятёбӣ ба ҳар гуна бемориҳоро кам менамояд ва ба ин хотир ин ташаббус аз ҷониби сокинон хуб пазируфта шуда, онҳо дар назди худ мақсад гузоштанд, ки  чунин иншоотҳои гигиениро дар манзилҳои истиқоматиашон бунёд намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg