БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР ОРОМГОҲҲО

ВОСЕЪ.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Ибрати ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳия ҷиҳати дар амал татбиқ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид.

Дар амалиёти мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, намояндаги ТҶҶ “Созандагони Ватан”, зиёда аз 300 нафар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  иштирок намуда, саҳми хешро дар ин амали хайр гузоштанд.

Зимни аксия иштирокдорон дар бунёди ҳоҷатхона дар назди оромгоҳ саҳми хешро гузошта истодаанд ва инчунин дастаҷамъона корҳои маҳкам кардани гирду атрофи оромгоҳро низ оғоз намуданд.

Бояд қайд намоем, ки сокинони ҷамоати мазкур аз баргузор гардидани чунин амалиёт  хеле мамнун буда, иброз доштанд, ки дар оянда низ ин амали хайрро баҳри пос доштани рӯҳи гузаштагони худ ва тозаву озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо идома медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg