БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БА АНДЕШАИ БОТИЛИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ НИЁЗ НАДОРЕМ

ВОКУНИШ. Бузургманишии ба ном паноҳандагони сиёсӣ дар хориҷ аз кишвар дар мавриди ҳаводиси ахири Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон номуваффақ  анҷомид. Хусусан баъди мавриди баррасӣ қарор гирифтани ҳаводиси рӯзҳои 25-28 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғ аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тамоми аъмоли зишти ҷинояткорону пайравони ноамнию нооромӣ дар ин гӯшаи дурдасти диёр ба меъёрҳои ҳуқуқӣ баҳогузорӣ шуда, парда аз рӯи мақсадҳои ҳадафмандонаи хоинони дохилу хориҷи кишвар бори дигар бардошта шуд. Баъди он ки масъалаи ҳаводиси Хоруғ тири ба ном паноҳандаҳои сиёсӣ дар Аврупо ба нишон нарасид,  маҳфилҳои «сиёсӣ»-и онҳо то андозае дар ин масир нарм шуда, дубора ба масъалаи  сатру ҳиҷоб рӯ оварданд. Яъне, дубора эҳёи бодсозии коҳи куҳнаю пӯсидаю ва бузургманишӣ аз истифодаи аҳкоми шариату тафриқаандозӣ ба хотири расидан ба аҳдофи қаблан таҳрезишудаи гурӯҳҳои манфиатдор.

Дар ин масир аъзои гурӯҳи 24 бо номи Сулаймони форс бо тафриқаандозию ҷамъоварии ба қавле лайк дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаи сатру ҳиҷобро ҳамчун роҳи осони  расидан ба ҳадаф истифода карда, ба хотири зиёд намудани афроди гулу гумроҳ минҳайси худаш соатҳои дароз пушти монитори комютер вақт  мегузаронад. Гоҳе аз таҳрики Толибон  ва сиёсатҳои даҳшатафкани ин гурӯҳ дастгирӣ намуда, ба ақидаи дигар худро муддаии татбиқи  «сиёсати исломӣ» дар ҷомеа медонад.

Ба маълумоти ин «сиёсатмадор»-и манфур мерасонем, ки сохти давлатии Тоҷикистон тибқи талаботи Конститутсияи амалкунанда давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона аст ва тибқи муқаррароти он арзишҳои фарҳангии миллӣ, ки аз умқи таърих об мехӯранд, арзиши олӣ доранд. Андешаҳои тунду ғалат ва ғаразноки чунин тудаи гулу гумроҳ, ки оятҳои Қуръони каломуллоро дар сояи қатлу куштор ва ифротгароию бадбинӣ сари  инсонҳо таҳрик месозанд, боиси нороҳатӣ ва ноамнию бесуботӣ дар ҷомеа мегардад. Бубинед ба ном чунин диндорону «аҳли тақво» дар мамлакатҳои  исломӣ чи рӯзи табоҳро сари мардум оварданд. Баъдан сатру ҳиҷоби зан-модари тоҷик дар доираи фарҳангу ойин ҳамеша аз гузашта то ба имрӯз муайян буд ва ҳатто араб дар давраи таблиғу паҳнсозии дини ислом ба он эрод наовард.

Биноан, сафсатагӯиҳо бо истифода аз минбари дини ислом ва таблиғи ифротгароии динӣ ба ҷузъ Сулаймони форсу якчанд тӯдаи гумроҳи беҳайсият дигар аз ҷониби ҷомеаи мадании тоҷик қабул нест.

Масъалаи манитиқӣ  ин аст, ки  зану мард аз лаҳзаи пайдоиш дар батни модар  дар як муҳлати муайян ба дунё меоянд ва баробарию эҳтиром аз нуқтаи назари динию дунявӣ яке аз масъалаи асосии тавозуни зиндагиномаи инсонҳост. Ҳамчунин занону модарони тоҷик дар интихоби либос бо назардошти риояи фарҳанги миллӣ мудерну ҳамқадами ҷомеа хоҳанд буд. Андешаи таҳмилӣ ва таблиғи тундгароии исломӣ, ки бар зарари мардуму ҷомеа ва фарҳанги волои миллии мост, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест.

Чизи дигар ин ки аз кишварҳои ба андешаи паноҳандаҳои сиёсӣ «куфру бидъат» даъвои татбиқи шариати исломӣ  кардан мусалмонии Сулаймону ҳамтоёнашро зери суол мебарад. Агар оғои Сулаймон дар ягон кишвари мусалмонӣ мебуду «маъвиза» мекард,  имони исломшиносии ӯ боваркарданӣ буд. Вале, асли воқеа ин аст, ки  дар кӯча баромада бо садҳо ё шояд ҳазорҳо бонувони аврупоии нимӯрён рӯ ба рӯ мешавад ва шояд чун дигар ҳаммаслаконаш  фарҳанги аврупоӣ ҷузъи фарҳанги пасипардагию ҳамешагии ӯ гашта бошад.

Бинобар ин, атои ӯро ба лиқояш мебахшем ва таъкид месозем, ки роҳи ӯ дигару роҳи мо дигар аст. Ҷомеаи имрӯзи мо бо чунин афроди манфуру бешараф ва таблиғгари ақидаҳои ифротӣ ниёз надорад. Мардум аллакай роҳи худро интихоб кардааст ва давлатсозии имрӯзу ояндаи кишвари мо бо назардошти фарҳанги волои ниёгон, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз мегардад, бидуни хоинону гурӯҳҳои манфиатдор идома хоҳад ёфт.

Икромова Ҷамила, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg