БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ- ТАКЯГОҲИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар арафаи   Соли  нави  милодӣ  бо мақсади руҳбаланд намудани    сарбозону  афсарон  ва  табрик  намудани онҳо, ошноӣ   ба  вазъи  хизмат  ва  шароити  хизмати  ҳарбӣ  намояндани Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ба  қисми  низомии  сарҳадии  Сангоба  дар  ҳамкорӣ бо  мақомоти   қудратии  ноҳия  ташриф  оварданд.

Аз  ҷониби мақомотҳои  қудратии ноҳия  ба   сарбозону  афсарони  қисми  низомӣ  маводи  хӯрока  кумак  расонида  шуд.  Ҳамчунин  ба  сарбозону  афсарни  қисми  низомӣ  дастархони  идона  орсота шуда, раиси  Кумитаи иҷроия  афсарону  сарбозони  қисми  низомиро   ба  фарорасии  Соли  нави  милодӣ  табрик  гуфта,  онҳро барои  хизмати   бошараф ҳидоят  намуда,  қайд  кард, ки   хизмат  ба  Ватан – Модар  қарзи  фарзандӣ  ва имониву  виҷдонии ҳар  як  ҷавонмарди  бонангу  номус аст ва  мактаби  бузурги  тарбияи  ирода, ҷасорат, шуҷоат  ва  ватандорӣ  ба ҳисоб  меравад.   Ҳукумати  Тоҷикистон бо  назардшти  вазъи  мураккаби  минтақа ба таҳкими  доимии  ҳифзи  сарҳад, махсусан сарҳади  Тоҷикистону  Афғонистон диқкати  аввалиндараҷа дода,  барои  пешгирӣ  кардани  ҳар  гуна  сарҳадшиканиҳо ва  дигар   ҷиноятҳои   фаромиллӣ дар  хатти  сарҳади давлатӣ  тадбирҳои  заруриро андешида  истодааст.

Дар охир аз  ҷониби кормандони  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Бахши  фарҳанг”-и ноҳия  барномаи  фарҳангии  ҷолиб  пешкаши  сарбозону  афсарон  карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg