БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШРАФТИ ҶОМЕА АЗ РИОЯИ ҚОНУН САРЧАШМА МЕГИРАД

АНДЕША.  Тӯли чанд соли охир бо дастгириҳои бевоситаи  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хеле рушд кардааст, ки инро мо ҳар рӯз тариқи шабакаҳои телевизионӣ мебинем. Қомат афрохтани иншооти гуногуни маишӣ ба ҳусни кӯҳистон назокати навро зам намуда, «Боми ҷаҳон»-ро ба як гӯшаи биҳиштосои кишвар табдил додааст. 

Дар 30 соли даврони истиқлолият дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, биноҳои фарҳангию фароғатӣ, майдонҳои варзишӣ, беморхонаву муассисаҳои таълимӣ  сохта, ба истифода супорида шудааст. Дар баромадҳои худ муҳтарам Пешвои миллат Бадахшонро ҳамчун “дарвозаи тиллоӣ”-и Тоҷикистон ном мебаранд.

 Мардуми бофарҳанги  вилоят ба хубӣ  дарк менамоянд, ки то замони истиқлолият дар бисёр минтақаҳои кӯҳии кишвар, аз ҷумла дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб ки нерӯи барқ набуд, роҳҳо мавҷуд набуданд ва бо заҳмату кӯшишҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар даврони 30-соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як порчаи воҳид табдил ёфт ва мо пурра аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадем ва истиқлолияти энергетикии кишварро таъмин намудем.

Аммо мутаассифона баъзе аз гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо аъмоли номатлуб ба ин пешравиҳои вилоят доғи сиёҳ меоранд. Боиси халалдор шудани оромии мардум, суботи ҷомеа, амнияти давлат ва коҳиш ёфтани обрӯи миллат мегарданд.

Як гурӯҳ ҷавонони ҷинояткор ва ноогоҳ амнияти мардумро халалдор намуда, дар шаҳри Хоруғ даст ба нооромиҳо заданд.

Дар баромади худ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Алишер Мирзонаботов, қайд кард ки ин рафтори ҷавонони ҷинояткорро шадидан маҳкум намуда, волоияти қонунро дар вилоят таъмин менамоем.

Риояи қонун, барои ҳамаи мардуми Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад ва сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ бояд қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.   

Ин гуфтаҳо фақат  ба ҷавононе, ки ба ҷиноят даст заданд ва дар назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ  бетартибиҳои оммавиро ташкил карданд,  рабт доранд.

 Мубориза бурдан бо чунин ашхос танҳо кори мақомоти амният ва ҳифзи ҳуқуқ набуда, ҷиҳати бартараф намудани ин бетартибиҳо мардуми бонангу номуси вилоят низ саҳмгузорӣ намуда, роҳ намедиҳанд, ки як чанд авбоши ҷинояткор ва роҳгумзада  аз номи ҷавонмардони соҳибватани бадахшонӣ сухан гӯянд.

Таърих гувоҳ аст, ки ин сарзамини бостонӣ барои Тоҷикистон ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур Қаҳрамонеро офарида, ки дар бунёди давлати тоҷикон саҳми ниҳоят арзанда гузоштааст.

Дар фарҷоми сухан ҳаминро гуфтаниам, ки биёед зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ гардида, якпорчагии Тоҷикистони азизро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Қурбонов А., раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg