БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – РОҲНАМОИ НАКӮКОРӢ

АНДЕША. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 30-соли соҳибистиқлолӣ ироа гардид, ки фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти дохилӣ ва хориҷии кишварамон буд.

Баробари масъалаӽои иқтисодиёту иҷтимоиёт Пешвои миллат ба масъалаи хеле муӽими рўз баланд бардоштани сатҳи дониши омӯзгорон ибрози назар намуда, таъкид намуданд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Ҳамчунин Пешвои миллат  қайд намуданд, ки “ Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузорам”. Дар ҳақиқат бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад. Бе маориф ягон соҳа рушд ва пеш рафта наметавонад.

Бо дарназардошти аҳамияти бузург доштани соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат дар Паёми хеш Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон “Солҳои рушди саноат” эълон карда шаванд. Дар доираи солҳои мазкур вазъи иқтисодии мамалакат беҳтар гардида, даромади пулии аҳолӣ зиёд шуда, садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил ва дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ паст гардонида мешавад.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда дар ин самт аз ҳар яки мо масъулияти баланд тақозо намуда, водор месозад, ки ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-соли истиқлоли давлатӣ дар атрофи Пешвои маҳбуби миллат муттаҳид шуда, заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ намоем. Мо ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест. Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад.

Дар ин  шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир моро мебояд ҳамеша дар паҳлуи ҳамдигар бошем ва  даст рӯйи ҳам гузошта барои пешрафту тараққиёт ва гулгулшукуфии Тоҷикистони азиз саъю талош намоем.

Ҷовидон МИРЗОҚУЛОВ,   мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg