БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУМАКИ ҲИЗБИЁН БА ЭҲТИЁҶМАНДОН

КӮШОНИЁН. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва аёдату кумак ба оилаҳои ниёзманд дар арафаи Соли нави мелодӣ, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён тадбирҳои судманд ба роҳ монда шуда, ин амали нек ва хайрхоҳонаро раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастгирӣ намуда истодаанд.

Раиси ташкилоти ибтидоии “Андозчиён” дар якҷоягӣ бо раиси Кумитаи ҲХДТ дар ноҳия ба як оилаи ниёзманд, сокини кӯчаи Меҳргони ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, қанд ва биринҷ ба маблағи 592 сомонӣ кумак расониданд. Аз тарафи маъмурияти ҲХДТ дар ноҳия ба сардори оила,  муйсафеди барҷомонда ва бемор як адад асои дастӣ туҳфа карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg