БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИММУНИЗАТСИЯ БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19

ШАҲРИТУС. Бо мақсади гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 ва пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол пайдоиши сирояти нави коронавирус, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов бо иштироки раис ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҷамоат ва раисони деҳаҳо, имомхатибони масҷиди панҷвақта, сарварони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони бунгоҳҳои саломатӣ ва фаъолони ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматов,  маҷлис доир гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар маҷлис вобаста ба муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 ва пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, барои пешгирӣ намудан аз пайдоиши бемории сирояти нави коронавирус,  андешаронӣ карда шуда, сокинонро таъкид намуданд, ки ҳатман аз ваксинатсия бархурдор шаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg