БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МУТТАҲИДӢ МУШКИЛОТРО БАРТАРАФ МЕСОЗЕМ!

ВОКУНИШ. Тавре аз телевизиони Бадахшон огаҳӣ пайдо кардем, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз дар иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи  вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар бораи вазъи баамаломадаи Бадахшон сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳри Хоруѓ ва ноҳияи Роштқалъа ақидаҳои худро баён карданд.

Ҳамчунин дигар вакилон ҳам аз дигар шаҳру ноҳияҳои Бадахшон ин суханони вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ванҷ ва Дарвозро дастгирӣ намуданд.

Муҳтавои суханронии онҳоро мо хуб гӯш кардем, таҳлил кардем ва ба хулосае омадем, ки вакилону мардуми Бадахшон аз бетартибиву риоя накардани қонунҳои амалкунанда аз тарафи баъзе ашхос, хусусан ҷавонони ноогоҳ даст ба ҷинояту ҷинояткорӣ зада, санаҳои 25 ва 28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруѓ бетартибиҳои оммавиро ба амал оварданд.

Манбаи асосии ҳама ин ҳодисаҳо аз як ҷиҳат надоштани маърифати ҳуқуқии баъзе ҷавонони ноогоҳ  бошад, аз  ҷониби дигар он дидаву дониста поймол намудани қонун мебошад. Дар ин радиф гурӯҳҳои манфиатхоҳ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар аз ин ходисаҳо истифода бурданд.

Дар сурате, ки сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ беназмиву бетартибӣ дар ин шаҳру ноҳияҳои вилоят идома ёбад чӣ гуна метавон корҳои созандагиву бунёдкориро интизор шуд. Ванҷу Дарвоз ҷузъи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонанд, вале аз рафтори ношоями баъзе ҷавонон, ки даст ба ҷинояткорӣ мезананд, ба нанг омада, ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намудаанд, ки ба ҳама беназмию, бетартибӣ хотима дода шавад, вагарна мо аз ҳайати вилоят мебароем.

Мо боварӣ дорем, ки ин вазъияти баамаломада дар наздиктарин фурсат ҳалли худро меёбад ва шахсоне, ки дар бетартибиҳо даст доштанд, дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт ва сокинони шаҳру ноҳияҳои дар боло зикршуда бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории зич менамоянд. Мардуми шаҳру ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯуҳистони Бадахшон дар асл мардумони бофарҳангу  бомаърифат ва дар сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқанд ва боварии комил дорем, ки сарҷамъ дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.  

Маркази таҳлиливу иттилоотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg