БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ « РӮЗИ ЁДОВАРӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД

Н.ХУСРАВ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои  Кумитаи  иҷроияи ноҳиявии ҳизб рӯзи  якшанбеи  охири  моҳ, яъне  санаи 26-уми декабри соли 2021 Аксияи умумуминоҳиявӣ таҳти унвони «Рӯзи  ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ  бо собиқадорони  ҳизб, ходимони  дин, бахши  дин, танзими  анъана  ва  ҷашну  маросими  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлати ноҳия дар 3 адад қабристони  деҳаҳои  ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав   баргузор  гардид.

Дар  қабристонҳои деҳаҳои Арабхона ва Бешкенти  ҷамоати  деҳоти Истиқлол ва деҳаи  Сангобаи  ҷамоати  деҳоти  Наврӯз   бо иштироки  васеи  сокинон  Аксияи  «Рӯзи  ёдоварӣ»  баргузор  гардида,  гирду  атофи  оромгоҳҳои  деҳаҳо, тоза  карда  шуда, зиёда  аз  100 бех ниҳолҳои  ҳамешасабзи  арча  шинонида шуд..

Дар баргузории   амалиёти умуминоҳиявии  «Рӯзи  ёдоварӣ»  зиёда  аз 600 нафар  сокинон   дар    тоза  намудани  дохил  ва  атрофи  қабристонҳои  деҳаҳо  ва  шинонидани  дарахтон иштирок  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg