БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ВОДОР МЕСОЗАД, ТО БА ХАЛҚУ ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ!

АНДЕША. Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 30-соли соҳибистиқлолӣ ироа гардид, ки фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти дохилӣ ва хориҷии кишварамон буд. Сарвари давлат се самти муҳим – сиёсат, иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоии кишварамонро мавриди таҳлилу баррасӣ зимни Паёми хеш қарор доданд.

Пешвои миллат дар оғози сухан бо ифтихору қаноатмандӣ аз заҳмату талошҳои содиқонаву ватандӯстонаи мардум ҷиҳати нигоҳдории истиқлолу озодии Тоҷикистон ба хотири пешрафту шукуфоии Ватан дар даврони соҳибистиқлолӣ ёдрас шуданд.

Дар ин росто, бояд гуфт, Пешвои азизи миллат ҳеҷ гоҳ заҳмату ҷоннисориҳои мардуми шарафманди тоҷикро, хусусан, он нафаронеро, ки дар барқарорсозии ҳокимияти конститусионӣ саҳми бузург доранд, фаромӯш намесозанд ва пайваста ёдовар мешаванд.

Дигар масъалаи муҳиме, ки зимни Паём хотирнишон намуданд, ин баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар замони бисёр мушкилу мураккаб, ки баъдан дар заминаи он зимоми давлатдорӣ ба даст гирифта шуд, конститусия қабул гардиду ба қатлу хунрезӣ хотима дода шуд. Ва миллати сарбаланди тоҷик роҳи дурустро интихоб карда, ба бунёди Тоҷикистони навин ноил гардид.

Ҳамзамон, Пешвои миллат бо мақсади шинохтану эътироф намудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибфарҳангу соҳибтамаддун аз ҷониби аҳли башар дар рафти ироаи Паём чунин ёдрас шуданд, ки: “... ман ҳанӯз дар рӯзҳои аввали иҷлосия иброз дошта будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳастам”.

Бо доштани чунин ҷаҳонбинии васеъ ва дорои хиради азалӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгириву пуштибонии мардуми шарафманди Тоҷикистон тавонистанд беш аз як миллион нафар гурезаҳоро ба Ватан баргардонанд ва дар марҳилаҳои муайян муҳимтарин рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон – Парчамӣ миллӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ қабул гарданд.

Тавре дар Паём зикр шуд: “... дар даврони истиқлолият 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул ва нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардида, онҳо аз адои ҷазо озод карда шуданд. Аз ҷумла 7 сентябри соли 2021 ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қонуни авф қабул карда шуд, ки тибқи он 11 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардид”, ин ҳама аз сиёсати башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Дар Паёми имсола масъалаи баррасигардида ин раванди рушд, ҳолати кунунӣ ва роҳҳои ташаккули иқтисоди миллӣ буд, ки дар ин самт Пешвои миллат таъкидҳои судманд иброз доштанд.

Инчунин, доир ба масъалаи рушди соҳибкориву сармоягузорӣ сухан гуфта шуд.  Дар ин самт чунин қайд гардид, ки: “Дар замони истиқлолият аз ҷониби давлату Ҳукумат ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод карда шуданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3-5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд”. Дар баробари ин, зикр шуд ки: “... шумораи андозҳо аз 10 ба 7 номгӯй кам гардида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо паст карда шуданд”.

Вобаста ба ин, изҳор медорем, ки ишораҳои Сарвари давлат ба масъалаҳои болозикр бар он аст, ки дар заминаи рушд ёфтани иқтисодиёти кишвар метавон музди меҳнати кормандони соҳаҳои алоҳидаи мамлакатро зиёд намуд. Илова бар ин, таваҷҷуҳи соҳибкоронро ба рақобатпазир сохтани молҳои истеҳсолӣ ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мувофиқ кардани онҳо ҷиҳати зиёд кардани содирот ва кам кардани воридот дар доираи истифодаи имконияҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат ва ба ин васила дар пешрафти иқтисодиёт ва баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии ҷомеа саҳми арзанда гузоштанд.

Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба соҳаи кишоварзӣ суханронӣ намуда, ба кишоварзони мамлакат барои фаровонии бозори истеъмолӣ ҷиҳати таъмин намудани бо маводҳои озуқа новобаста аз хушксоливу камобӣ омадани чанд соли охир, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд, ки фикр мекунам чунин изҳори қаноатмандии Сарвари давлат ба кишоварзони мамлакат рӯҳу илҳоми тоза бахшиданд.

Бояд тазакур дод, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи кишоварзӣ аҳамияти хоса дода мешавад. Роҷеъ ба ин масъала деҳқононро зарур аст, ки имтиёзҳои пешбинишударо самаранок истифода намуда, бо ин роҳ ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат саҳмгузорӣ намоянд.

Ҳамчунин, дар ин бобат таъкидҳои Пешвои миллатро оид ба ноустувор будани вазъи иқлим, яъне камборишот омадани фаслҳои тирамоҳу зимистон аз хотир набароварда, аз истифодаи ғайримақсадноки заминҳои кишт (Чӣ қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва ё хоҷагиҳои ёрирасон бошад) пешгирӣ намуда, вобаста ба ин масъала аҳамияти хоса зоҳир намоем.

Зимни Паёми Пешвои миллат вобаста ба дастовардҳои соҳаи энергетика баёни андеша карданд. Пешвои миллат мушаххас қайд намуданд, ки: “Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ дар даврони соҳибистиқлолӣ 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 1,5 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, 50 зеристгоҳи баландшиддати барқӣ бунёду таҷдид ва дар маҷмӯъ, 75 фоизи инфрасохтори энергетикии кишвар азнавсозӣ гардид”.

Вале новобаста аз дастовардҳои зиёд дар соҳаи энергетика дар доираи таъкидҳои Сарвари давлат ҳар яки моро зарур аст, ки нерӯи барқро самаранок, мақсаднок, оқилона ва сарриштакорона истифода намуда, дар ин баробар саривақт супоридани ҳаққи хизмати онро фаромӯш насозем.

Вобаста ба рушди соҳаи роҳсозӣ аз ҷониби Пешвои миллат чунин иттилоъ дода шуд, ки: “Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд”.

Бешубҳа чунин дастовардҳои назаррас дар самти роҳсозӣ, махсусан, сохтмони роҳу нақб ва пулҳо дар пешрафти иқтисоди миллӣ нақши калидӣ дорад, ки ба ин нишондодҳо расидан самараи истиқлолият мебошад.

Дар Паёми Пешвои миллат дастовардҳои шоёни соҳаҳои илму маориф арзёбӣ гардида, гуфта шуд: “Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.

Доир ба соҳаи тандурустӣ бошад, Пешвои миллат зикр карданд, ки: “Соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошт. Ҳоло дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ бо 78 800 корманд фаъолият дорад».

Бо бардошт аз рақамҳои боло ва пешравиҳои соҳаи танрурустӣ моро зарур аст, ки ҳушдории Роҳбари давратро низ набояд фаромӯш созем: “Таъкид месозам, ки барои ҳалли ду масъалаи муҳимтарини соҳаи тандурустӣ – тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо ва рушди саноати дорусозӣ бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд”.

Дар ҳошияи ин таъкидҳо мо фаъолони ҷомеа якҷо бо ҷалби кормандони соҳаи тиб низ метавонем бо бурдани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати баланд намудани огоҳии тиббии шаҳрвандонро вобаста ба намуди бемориҳо, хусусан бемориҳои вирусӣ, усули табобати онҳо ва шинохти сифати доруҳо, бо тарғиби хусусиятҳои дармонбахшии гиёҳҳои Тоҷикистон ва бо ин роҳ диққати сокинонро ба хусусиятҳои табобатии онҳо ҷалб созем.

Пешвои миллат дар Паёми имсола оид ба ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Хурсандиовар аст, ки бо дарназардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур доданд, ки:

– аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;

– аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад.

– аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда шавад.

Бо дарназардошти аҳамияти бузург доштани соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат дар Паёми хеш Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд.

Дар доираи солҳои мазкур вазъи иқтисодии мамалакат беҳтар гардида, даромади пулии аҳолӣ зиёд шуда, садҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил ва дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ паст гардонида мешавад. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда дар ин самт аз ҳар яки мо масъулияти баланд тақозо намуда, водор месозад, ки ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-соли Истиқлоли давлатӣ дар атрофи Пешвои азизи миллат муттаҳид шуда, заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ намоем.

Аз тарафи Пешвои миллат дар Паём оид ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид шудани мероси фарҳанги миллии мо – «Фалак» мужда доданд.

Воқеан, ин яке аз дастовардҳои бузурги фарҳангии миллати тоҷик дар соли 2021 ба ҳисоб меравад.Оид ба ин зикр кардан зарур аст, ки хизматҳои Пешвои миллат дар муаррифии фарҳангу тамаддуни миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ бениҳоят бузург мебошанд.

Дар хулосаи Паём Пешвои миллат аз ҳамватанони азизам муроҷиат карда, як нуктаи муҳимро хотирнишон сохтанд: “модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем”.

Воқеан, муҳтавои Паём васеъ буда, вазифаҳои мақомоти дахлдор ва мардуми кишварро дар ростои истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлолияти далватии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас муайян намуданд.

Аз ин рӯ, Паёми Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи моро муаваззаф месозад, ки сарҷамъ бошем ва бо кору амали созандаи худ сазовор ба зиндагии шоиста гардем ва ба халқу Ватани маҳбубамон самимонаву содиқона хизмат намоем.

Саймуминзода Фирӯз Саймумин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg