БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУМАК БА НИЁЗМАНДОН ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ АСТ

ПАНҶ. Бо мақсади амалӣ намудани ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мулоқоташон бо намояндагони ҷомеаи кишвар бармеоянд, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати аёдати оилаҳои ниёзманд ва маъюбон тадбирҳои судманде амалӣ гашта истодаанд.  дар ин амали нек ба зиёда аз 50 нафар маъюбон ва оилаҳои ниёзманд маводи хӯрока, аз қабили орд, равған, биринҷ ва шакар дар арафаи Соли нави мелодӣ тақдим карда шуд.                                                    

Зимни суҳбату мулоқотҳо шахсони аёдаткарда шукри истиқлолият, шукри Ваҳдати миллӣ намуда, миннатдории хешро барои ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонида, барои устувории истиқлолият, ваҳдату амонӣ ва оромиву шукуфоии Ватани азизамон дасти дуо кушоданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg