БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПОЯИ ДАВЛАТ НАБОШАД БЕ МАОРИФ УСТУВОР…

АНДЕША. Мактабу маориф даргоҳи нуру зиё, манбаи асосии таълим ва тарбия намудани инсонҳои комил ва макони муқаддаси илмомӯзӣ ба шумор меравад. Даргоҳи муътабаре, ки некгуфториву некрафторӣ, адолату ҳақиқат, ростиву растагорӣ ва ахлоқи ҳамидаро ба инсонҳо меомӯзонад. Аз ин ҷост, ки тамоми башарият шурӯъ аз аҳди қадим то имрӯз  ба мактабу маориф рӯ оварда,  роҳу равиши зиндагиро аз муаллим ва  аввалин  мураббӣ- модар омӯхта муқаддасашон мешуморанд.

Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз замони ба сари ҳокимият омадан илму фан ва мактабу маорифро муҳаррики пешбарандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ шумурда, пайваста нисбати ин  маҳаки асосии ояндасози давлату миллат ӯамхорӣ зоҳир менамоянд.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарафманди кишвар, ки рӯзи 21-уми декабри соли 2021 ироа гардид, аз паёмҳои қаблӣ куллан тавофут дошта,  бештари баромадашонро Пешвои миллат  ба  мактабу маориф ва рушду  таӯйирот  ва дигаргуниҳо ворид намудан дар ин соҳаи ҳаётан муҳим бахшида, иброз доштанд, ки бунёди миллат аз мактабу маориф сарчашма мегирад. Дастгириву сахтгирӣ ва  таваҷҷуҳу ӯамхории бештари Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактабу маориф, омӯзгор ва илму фарҳанг маҳз ба хотири  пешрафти соҳаҳои мухталифи ҷомеа равона гардида, дар ин замина бобати расидан ба хушбахтии рӯзгори босаодати мардум мусоидаткунанда хоҳад буд.

Аз ин ҷост, ки бузургон мефармоянд:

Ҳар ки бе устод кард оӯози кор,

Корубори ӯ надорад эътибор.

Домани устод гиру шод шав,

Муддате хидмат куну устод шав.

Воқеан ҳам устодону омӯзгорон боиси васфу ситоиш ва қадрдонии ҳамешагианд. Қадри омӯзгорро донистан ва аз дарсҳояшон баҳра гирифтан барои талабгорони илму маърифат ганҷинаест, ки мақому моҳияташро тавассути тавозуни ақлу хирад бар кашидан амри зарурист. Зеро ҳар лаҳза дарси устод барои шогирд ростгӯию ростқавлӣ, далериву ҷавонмардӣ, қаҳрамонию шуҷоатмандӣ, Ватану ватандорӣ, одобу рафтори ҳамидаи инсониро меомӯзад.

Чуноне,  ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон иброз доштанд, мо  ҳамеша  ба қадру манзалат ва заҳматҳои омӯзгорон расидагӣ менамоему эҳтиромашон мегузорем. Аммо ҷойи дигар аз камбудиҳо, норасоии кадрҳоии соҳибкасбӣ соҳа ва то ҳол мушоҳидаи истифодаи усулҳои куҳнаи таълимӣ  дар ҷараёни дарсҳои баъзе омӯзгорон истифодашаванда изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулини соҳа супоришҳои қатъӣ доданд. Маҳз ба  илму маориф таваҷҷуҳи хоса намудан ва нигаронӣ аз камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа   аз маорифпарвариву илмдӯстии Пешвои миллат  далолат намуда, мутахассисони соҳаро баҳри  бартараф  кардани онҳо уҳдадор менамояд. Зеро  ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандии мо  дар қатори дигар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба системаи замонавии усули нави  таълим ворид гардида, талаботҳои муосири таълимиро тақозо менамояд.

Дар як навбат  садо додани ба марҳилаи навбатии саноатикунонӣ- «Рушди саноат» ворид гардидани кишвар барои мо намояндагони миллати кӯҳанбунёд боиси ифтихору фараҳмандӣ ва барои таҳкиму расидан ба мақсади ниҳоии давлату Ҳукумати кишвар ба мутахассисони кордону соҳибтаҷриба зарур мегардад, ки дар ин самт саҳми мактабу маориф ҳамчун соҳаи  калидӣ дорои мақому манзалати хосса бошад. Дар баробари ин ҳама таваҷҷуҳу ӯамхорӣ ва дастгириву қадрдонии муаллиму мактаб моро  мебояд,ки роҳу усулҳои муосири таълим ва технологияи  навро  пайгирӣ намуда дар  раванди таълимот сарчашмаҳои таъӯироти куллиро дар соҳа ҳамаҷониба  таҳқиқ намуда,дар омӯзишгоҳу муассисаҳои таълимӣ   дигаргуниҳоро дар амал татбиқ  намоем.   Ҷавонону наврасонро дар руҳияи  забономӯзиву ҷаҳоншиносӣ ва худогоҳиву хештаншиносӣ тарбият намуда, дар партави сиёсати маорифпарваронаи Роҳбарияти Олии мамлакат аз муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва амну осоиштагии кишварамон сидқан ҳифз намуда, ҳамаҷониба кору амал намоем.

Мо сокинон аз устодону омӯзгорон ва олимону донишмандони тоҷик итминону боварии қавӣ дорем,ки онҳо дар соли нави мелодӣ  бо тарзу усулҳои нави таълимӣ ва азхудкунии  технологияи муосир вориди машӯулият шуда, насли наврасро  дар омӯзишгоҳову муассисаҳои таълимии кишвар дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ таълиму тадрис хоҳанд дод.

Неъматов Абдуҷаббор, мудири шуъбаи таблиӯот ва иттилоотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg