БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - АСОСИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ

АНДЕША. Санаи 21.12.2021 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Пешвои миллат қайд карданд, ки соли 2021 барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда ба ҳисоб меравад. Дар ин Паём Пешвои миллат ҳамаҷониба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди баррасӣ  қарор доданд.

Баъди суханрониҳо Пешвои миллат қайд карданд, ки нақши зан - модар дар ҷомеа хело  муҳим мебошад.  Зан  – модар мавҷуди муқаддас буда, ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.

Воқеан, мақоми зан – модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи «Нисо» (занон) нозил шудааст. Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад.

Мо шаҳрвандон дар ҷодаи иҷрои дастур ва супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, масъулияти ҷиддӣ эҳсос намуда, сидқан кору фаъолият намуда, барои  ободу зебо гардидани Ватани азизамон саъю талош   менамоем.

Олимов Раҳмоналӣ, мутахассиси  шуъбаи  ташкилии  КИ ҲХДТ  дар  н. Восеъ                     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg