БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ НЕРӮИ БАРҚ - ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ

“Бо дарназардошти он ки ягон мамлакат тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем.”
                                                                                                                                                                         Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. 22 декабр дар саросари кишвар Рӯзи энергетика таҷлил карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки дар замони муосир энергетика ба яке аз омилҳои муҳимтарине табдил ёфтааст, ки бидуни он рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуқтаро ба инобат гирифта, ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуд ва барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ тамоми тадбирҳои судмандро меандешад.

Бояд қайд намоем, ки дар партави сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи энергетика дар даврони истиқлолият ба рушди бесобиқа ноил гардид. Ба кор андохтани чархаи якум ва дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар таърихи Тоҷикистон бо хати зарҳалин навишта шуда, нишонаи иродаи матини мардуми тоҷик ва давлати соҳибистиқлол мебошад.

Зимнан ҳар яки мо, яъне шаҳрвандони Тоҷикистони азизро ва ҳар он шахсе, ки мехоҳад зиндагии шоистае дошта бошад, зарур аст, ки қувваи барқро сарфакорона, самаранок ва ғамхорона истифода намояд. Зеро самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи истифодаи он, истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини кори мунтазами энергетикӣ ва беҳтар гардидани таъминоти нерӯи барқ мусоидат менамояд.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg