БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАОРИФ ВА ИЛМ - ДАР МЕҲВАРИ АСОСИИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Ҳамасола дар охири сол Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирии сол баргузор мегардад.

Имсол ин Паём санаи 21.12.2021 баргузор гардид. Дар ин Паём Пешвои миллат тамоми самтҳои фаъолиятро баррасӣ ва натиҷагирӣ намуда, барои боз ҳам ба муваффақиятҳо ноил шудан дастуру супоришҳо доданд. Пешвои миллат зимни суханронии худ нақши соҳаи мароиф ва илмро дар пешрафти давлат ва ҷамъият махсус қайд намуда, тайёр намудани мутахассисони касбиро бо технологияи нав айни муддао донистанд. Барои омода намудани мутахассисони баландихтисос танҳо дар соли 2021 шумораи ҷавонони тоҷикистоние, ки дар Донишгоҳҳои бонуфузи хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд ба 42 ҳазор нафар расид. Онҳо дар 25 давлати хориҷӣ таҳсили бобарор доранд. Ҳар сол барои беш 5 ҳазор ҷавони тоҷик шароит фароҳам оварда мешавад, ки ба таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хоиҷи кишвар фаро гирифта шаванд.Чуноне, ки Пешвои миллат қайд намуданд давлат бе маориф вуҷуд дошта наметавонад.

                        Пояи давлат набошад бе маориф устувор,

                        Давлати пойдор хоҳӣ, рӯй ба мактаб ор.

Барои бештар ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба маориф ва илм озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”  ва “Илм фурӯғи маърифат” таъсис дода шуд, ки шоҳҷоизаи он  70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Барои беҳтар идора намудани давлат ва ба пешравиҳо ноил шудан дар солҳои оянда дар сохтори давлатӣ нафароне қабул карда мешаванд, ки мутахассиси хуб ва донандаи на кам аз ду забони хориҷӣ мебошанд.

Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон дарҷ нумуданд масъулияти ҷиддӣ эҳсос намуда, дар ҳама самт корро ҷоннок намоянд.

Баҳром Юсупов, мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар н.Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg