БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ РОҲНАМОИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА

АНДЕША. Паёми навбатии  Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  кишвар,  ки санаи  21 декабри  соли 2021 доир  гардид, ҳамчун санади муҳими барномавӣ  ифода  шуда, сармашқи корӣ тамоми халқи мамлакат арзёбӣ  мегардад.  Паём муҳимитарин  барномаи  дорои  хусусияти  созанда  ва ватандӯстиву  ватанпарастӣ буда, оғози ҳамагуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода   мешавад.

Дар ҳақиқат, Паёми навбатии Пешвои миллат тамоми ҷабҳаҳои мухталифи  ҷомеаро фаро гирифта, ҳамчун таккондиҳандаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи  мамлакат ба ҳисоб  меравад. Маҳз тавассути Паём ба сокинони  кишвар аз  фаъолияти яксолаи давлату  ҳукумат иттилоъ дода шуда, нақшаҳо барои соли оянда тарҳрезӣ  мегарданд.  Паёми  имсолаи  Пешвои миллат, ки  тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ мустақиман пахш гардид, аз ҷониби мардум ҳамчун санади роҳнамо  пазируфта  шуд. Вазифаи ҳар як шахси ватандӯст дар Паём ироа  гардида, роҳҳои расидан ба он зикр  карда шуд.

Дар  Паёми худ Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои  иқтисоду  саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту  мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён  гузоштанд.                          

Ҳамзамон, Пешвои миллат дар Паёми солонаашон кайд намуданд, ки  дар даҳсолаи  дуюми  даврони  Истиклолият рушди  босуботи иҷтимоӣ- иқтисодии  кишвар оғоз гардида,  барои  расидан  ба  ҳадафи олии  худ, яъне  баланд бардоштани  сатҳу сифати  зиндагии аҳолӣ  корҳои зиёде ба анҷом расид.

Дар  20- соли  охир  рушди миёнасолонаи  иқтисодиёт  дар сатҳи 7,5%  таъмин гардида,  маҷмуи  маҳсулоти  дохилии  мамлакат  аз 1,7 миллиард  сомонӣ дар  соли 2000  то  95  миллиард  сомонӣ дар соли 2021 ва даромади  буҷети  давлатӣ аз 252 млн. сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ  расонида шуд. Яъне,  маҷмуи  маҳсулоти дохилӣ қариб  53 баробар ва  буҷети давлатӣ  ба 111 баробар зиёд гардида,  ҳаҷми  маҳсулоти дохилӣ  ба ҳар як нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар  афзоиш ёфт.

Аз ин рӯ,  мардуми фарҳангсолори  Тоҷикистонро  зарур  аст, ки  дастаҷамъона  зери  сиёсати  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ   Раҳмон  кору фаъолият  намуда,  барои  расидан  ба  ҳадафҳои   олӣ  аҳлона  меҳнат намуда,   боз ҳам ба натиҷаҳои  хуби иқтисодиву иҷтимоӣ расем.

Баҳодур Хайруллозода,  мудири шуъбаи таблиғот ва  иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак                       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg