БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМО ВА НАВИДИ НЕКУСТ

АНДЕША. Барои мо боиси ифтихормандї аст, ки имрўз бо эътимоди комил ва шарафи бузург дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар соли ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ боз як рӯйдоди басо муҳим ва таърихӣ, яъне муждаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар фазои сулҳу ваҳдат ироа гардид.

Воќеан њам, иштироки фаъолона ва дастаҷамъонаи  мардуми ноҳияи Ёвон, кормандони касбу кори гуногуни ноҳия дар тамошои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» нишонаи соҳибихтиёриву соҳибэҳтиромӣ ба давлату миллат ва хоса ба   Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аст, зеро ки Пешвои миллати Тоҷикистон бо талошу зањматҳои худ, фидокорї, ғамхорињои бесобиќа нисбати халќи Тољикистон ва иќдому ташаббусњои созандааш ба маќому манзалати Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат сазовор гардидааст. Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ давоми шаҳодати гуфтаҳои болост.

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Имрӯз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таассуроти беандоза ҷаззобу роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Паём ҳуҷҷати асосии стратегии-тамоми ҷабҳаҳои ҷомеаро дарбар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дар пешистодаро равону бо пуррагӣ мурратабу матраҳ сохта, ҳолати кунунӣ ва фардоро бо дарназардошти раванди амал ва ба вуқӯъ пайвастшавии буҳрони молиявии ҷаҳонӣ бо ба амал омадани пандемияи нави  коронавирус ба аҳолии кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид. Дар ин маврид махсус таъкид бояд кард, ки имрӯз ҷомеа дар марҳилаи ниҳоят ҳассос ва мурракаби пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, муносибатҳои истеҳсолӣ, пулию қарзӣ, раванди истифодаи қувваи корӣ дар хориҷи кишвар ва ғайра қарор дорад. Ва яке аз хусусиятҳои хос ва фарқкунандаи Паёми имсола дар он аст, ки дар вазъияти фавқулоддаи ба амал омада ҷомеаро ба ҳисси масъулиятшиносӣ ва коршиносӣ даъват ва роҳнамоӣ менамояд.

Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон               

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg