БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ваҳдати миллӣ-омили шукуфоии диёр

ПАНҶ. Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, воситаи таҳкими давлатдорӣ ва омили наҷоти миллату рушди зиндагист. Маҳз Ваҳдати миллӣ халқи моро аз хатари парокандашавӣ ва нобудшавӣ раҳо намуд. Ба гуфтаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бо гузашти солҳо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, қимати сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро бештар қадр ва дарк менамоем. Аз ин лиҳоз фаъолон ва насли калонсолро мебояд, дар бораи бо чӣ гуна душвориҳо ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва ризоият дар Тоҷикистон пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро миёни насли ҷавони кишвар гузаронанд»

Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии навтаъсиси «Варзишгоҳ» вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо кормандони ин ташкилот доир гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи дар ноҳия Файзиев Каримҷон зимни баромади хеш иброз дошт, ки бояд хотиррасон кард, ки баъди кашмакашиҳои бемаънии сиёсӣ моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ баргузор гардид ва дар ин иҷлосияи сарнавиштсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Роҳбари ҷавони кишвар кори худро аз мавзӯъи сулҳ  оғоз намуда, баҳри таъмини пойдории давлат ва бақои миллат заҳматҳои шабонарӯзӣ ва ҷонбозиҳо намуд, то имрӯз мову шумо дар чунин як фазои орому осуда пайи кору фаъолият бошем.

Оре, дар  муддати 21 сол Ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд. Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил гашта, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи шоиста пайдо кардааст, ки дар ин замина  пояҳои Ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ сол то сол қавитар мегарданд.

Дар фароварди ин ҷамъомад дар вазъияти тантанавӣ ба 14 нафар аъзои ташкилоти навтаъсис шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg