БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН - НИГИНИ ПУРҶИЛОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

АНДЕША. Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.

Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ қабул гардида, амалӣ мегарданд.

Дар натиҷа солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа сахми худро  мегузоранд.

Бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар рушди илму маърифат имрӯз низ саҳми худро мегузоранд. Дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олии ҷумҳурӣ садҳо занони пурғайрат баробари мардон меҳнат мекунанд.

Фаъолияти пурсамари занон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ ва доктору профессорон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳақиқат ҳам ин фармони сарнавиштсоз самараҳои нек ба бор оварда истодааст. Дастгирии соҳибкории занон, ба касбомӯзӣ ҷалб намудан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо аз масъалаҳое мебошанд, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Мақсади ин дастгириҳо, пеш аз ҳама барои беҳбудии шароити кору зиндагии занон аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон, ки рӯзи 21.12.2021 ироа гардид, ба Кумитаи кор бо занон ва оила дастур доданд, ки  лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.

Ин ҳама дастгириҳо, хусусан занону бонувонро водор месозад, ки дар марҳилаи кунунии давлатсозию давлатдорӣ мавқеи фаъол ва устувори шаҳрвандӣ дошта, содиқона дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Мо шукрона ва ифтихор мекунем, ки дар чунин давлати орому осудаи ҳуқуқбунёд зиндагӣ мекунем ва чунин Сарвари мушфиқу ғамхор дорем.

Қурбонгул Раҷабзода, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон                        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg