БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ваҳдати миллӣ умеду боварии мардумро ба ояндаи дурахшон қавӣ гардонид

ЛЕВАКАНТ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ шаҳр миззи муддавар доир гардид.

Зимни баромад Ватанзода Сайҷаъфар  иброз дошт, ки мардуми тоҷик то имрӯз аз сафару боздидҳои Эмомалӣ Раҳмон дар шароити душвору ҷангии Афғонистон ёдовар мешаванд.

Ба ҷасорату фидокориаш аз рӯзҳои нахустини фаъолият то ба имрӯз аҳсану офарин мехонанд. Он айём дар Афғонистон ҷангу низоъҳои дохилӣ ҳукмфармо буду касе амниятро кафолат намедод.  Вале, Сарвари давлат аз роҳаш барнагашт, ҳарчанд ки аз ҷангу кашмакашиҳои дохилии кишвари ҳамсоя хуб огоҳ буд, ҷонашро ба гарав монда, бо мухолифин сари як дастархон нишаст. Бо ҷасорат, боварӣ изҳор дошт. «Мо як мақсад дорем: дар Тоҷикистон барқарор кардани сулҳ ва салоҳ. Ман ҷони ҷавонамро ба гарав мемонаму аз ин роҳ бар намегардам».

Ҳама сулҳу субот ва ваҳдати комил бо саъю кӯшиш ва ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Дар ин раванд дигар баромадкунандагон низ андешаҳои хешро роҷеъ ба  Рӯзи Ваҳдати миллӣ  иброз дошта, иштирокдоронро  ба ваҳдату  ягонагӣ даъват карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg