БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқро бояд омӯхт!

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Барқчиён” вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин   доир ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомали Раҳмон ва суханронии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2018 сухан намуда, қайд кард, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди пешбаранда ва нерӯи созандаву муттаҳидсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳофизи арзишҳои миллию фарҳангии кишвар дар ин самт салоҳият ва мартабаи баланд доштанашро нишон дода истодааст”

Абдуллоев Ваҳобуддин, инчунин доир ба таърих ва ба имзо расидани истиқрори сулҳ, дастовардҳои даврони истиқлолият сухан намуда, дарҷ намуданд, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёд ноил гардида, моро зарур аст, ҷавобан ба ин хизматҳои бузург бо меҳнати софдилона дар ободонии Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg