
ФАРХОР. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзишгар” маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии мазкур бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "Варзишгар" дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2022, ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар охир намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба сухан баромада, иброз дошт, ки корро дар ҳамаи самтҳо боз ҳам ҷоннок намоянд ва дар пешрафту шукуфоии Ватан сазм гузоранд.