БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ваҳдат Тоҷикистонро мунаввар кардааст

ПАНҶ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии шаҳраки Панҷ бо фаъолони ҳизб,  раисони маҳаллаҳои тобеи шаҳрак, аъзоёни  ташкилоти ибтидоии мазкур Конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба 21-умин солгарди Ваҳдати миллӣ доир гардид. Ҳамчунин, дар ин Конфронс  муовини раиси ҷамоати шаҳраки Панҷ  иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Нахуст, раиси Комиҷроияи нохиявии ҳизб Файзиев Каримҷон  бо сухани ифтитоҳӣ баромад карда, ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, оид ба паҳлуҳои гуногуни Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ибрози ақида намуд. Мавсуф қайд намуд, ки ҳар яки мо метавонем дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзи сулҳу суботи сиёсӣ ва пешбурди сиёсати пешрафтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳиссагузор бошем.

Баъдан, Шомаҳмадзода Музафар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳия баромад намуда, зикр дошт, ки таҷрибаи башарӣ собит месозад, ки ба озодии комилу истиқлолият расидани ҳар як миллату давлат  бе ба даст овардани Ваҳдат номумкин мебошад. Мо дар рӯи сайёра миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои ба  дастёбии истиқлолияти худ даҳсолаҳо пайкор намудан ва дар ин роҳ фарзандони азизи худ аз даст додаанд, лекин аз ҳуқуқҳои оддитарини миллат ва тамаддуни башарии худ  маҳруманд.

Аз ин хотир,  дар назди ҷомеаи мо вазифа меистад, имрӯз ва фардои мо бояд аҳамияти таърихи ин ҳуҷҷати муҳим – Ваҳдати миллиро дарк бисозанд, хурду бузург бидонанд, ки чаро  маҳз тоҷикон баъди пошхӯрии Шӯравӣ ва ба даст овардани соҳибистиқлолӣ даст ба ҷанги шаҳрвандӣ заданд. Танҳо бо роҳи Ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Дар охир, якчанд нафар аз фаъолони ҳизб собиқадорони меҳнат Улмасова Майрам ва Луқмонов Асрор баромад намуда, фикру андешаҳои баромадкунандагонро дасгирӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg