
Н.ХУСРАВ. Дар ташкилоти ибтидоии «Бешкаппа» маҷлиси ҷамъбастии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба масъалаҳои ҳалталаби ташкилоти ҳизбӣ ва корҳои ба анҷом расонида ҷиҳати татбиқи Оиннома ва Барномаи ҳизб маърўза намуда, қайд кард, ки мо аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳамаи чорабиниҳои ноҳиявӣ ва корҳои ободонию созандагӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дар ин давра дар ташкилоти ибтидоӣ 3 маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардида, масъалаҳои ҳалталаби ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ мавриди ҳаллу фасл қарор дода шуданд. Аъзои ҳизби ташкилоти ибтидоии деҳа ҳамаашон бо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ пурра таъминанд. Инчунин, гуфта шуд, ки сокинони деҳа барои устувории пояҳои давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани мавқеи ҳизб дар ҷомеа ва тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ, аз ҷумла дар корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ саҳми арзанда доранд.