
ФАРХОР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Бозори марказӣ " маҷлиси ҷамбастӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Бозори марказӣ " Тағоев Тоҷиддин дар бораи натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии " Бозори марказӣ " дар соли 2021” шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Ҳамзамон, нақшаи кории ташкилоти ибтидоии мазкур барои соли 2022 тасдиқ карда шуд.
Инчунин, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Ятимова Рухшона дар масъалаи ҳаракати аъзои ҳизб, муборизаи дастаҷаъона бар зидди бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ баромад намуда, аъзои ташкилоти ибтидоиро барои саҳм гузоштан дар корҳои созандагӣ раҳнамоӣ кард.