БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷомеаи солим-бойигарии давлат аст

ҲАМАДОНӢ. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чорабинӣ дар мавзӯъи «Нашъамандӣ-вабои аср» гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳия Тағоймуродзода Санифа, мудири шуъбаи рушди иҷтимоии робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Илёсиддин Набиев, духтури бемориҳои наркологии беморхонаи марказии ноҳия Абдулло Гадоев, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев ва намояндаи шуъбаи корҳои дохилии ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ инчунин озмун байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо назардошти шартҳои он расми беҳтарин, иншои беҳтарин, саҳначаи ҳаҷвӣ, эҷоди навқаламон дар бораи нашъаманди ва зарари он гузаронида шуд.

Дар охир беҳтаринҳо бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сарфароз гардонида шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg