БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “БЕМОРХОНАИ БЕМОРИҲОИ ПӮСТ”

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои нақшаи тасдиқшуда дар ташкилотҳои ибтидоии ноҳия Восеъ мачлисҳои ҷамъбастӣ бо маром баргузор гардида истодаанд ва ин навбат бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Беморхонаи бемориҳои пӯст»-и ноҳия маҷлиси ҳисоботӣ- ҷамъбастӣ баргузор гардид.

Сараввал ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Қаландарова Бибинисо оид ба фаъолияти ташкилот дар соли сипаришуда шунида шуд.

Дар идома масъулини Кумитаи иҷроия дар мачлис дар бораи дастовардҳо дар 30-соли Истиқлолияти давлатӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ ва инчунин, саҳм гузоштан баҳри солимии ҷомеа суханронӣ намуданд.

Дар охири маҷлис ҳисоботи ташкилот хуб арзёбӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg