БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Узви ҳизб шудан мояи ифтихор аст!

ПАНҶ. Баҳри ҷалби азои нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд.

Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон  дар ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк» вохӯрӣ доир гардид.

Дар баробари шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин доир ба заҳмату талошҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба даст овардани Ваҳдати миллӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро, ки аксариаташон ҷавонон буданд, барои расидан ба қадри тинҷиву амонии кишвар  ҳидоят намуд.

Сипас, дар фазои тантанавӣ ба 5  нафар ҷавонон аъзои нави ҳизб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Мудири шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ Ҳошимов Тоҳир таъкид намуд, ки бояд ҳар як аъзои ҳизб баҳри амалисозии ҳадафҳои Оинномавию Барномавии ҲХДТ кӯшиш ба харҷ дода, дар корҳои ҳизбӣ, тарғиботу ташвиқот  барои ҷалби бештари аъзо фаъол бошанд. Сафи аъзои ҳизбро мо бояд аз ҳисоби ҷавонони фаъолу лаёқатманд, шахсони ватандӯсту ватанпараст зиёд намоем.

Дар охир Шоева Фарангез, Сафарова Маҳбуба ва Раҳматов Нурулло зимни баромадашон қайд карданд, ки мо насли ҷавон аз он хушҳолем, ки таҳти  роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воя расида, таҳсилоти олиро соҳиб гаштаему  имрӯз пайи хизмати халқу Ватан қарор дорем ва барои мо имрӯз рӯзи фаромӯшнашаванда ва мояи ифтихор аст, ки   ба сафи ҲХДТ қабулгашта соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ шудем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg