БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИЁН ҲИСОБОТ МЕДИҲАНД

Н.ХУСРАВ.  Дар  ташкилоти  ибтидоии  «Беморхонаи  марказӣ »  маҷлиси  ҷамъбастии  солонаи ташкилоти   ибтидоии ҳизбӣ  баргузор  гардид.  

Раиси  ташкилоти  ибтидоӣ  Холмуродов  Назар аз  фаъолияти  солонаи  ташкилоти  ибтидоӣ  ба  аъзои  ҳизб   ҳисобот   пешниҳод  намуда,  қайд  кард, ки  аъзои  ташкилоти  ибтидоии  “Беморхонаи  марказӣ” кори  худро  тибқи  Оинномаи  ҲХДТ  ба  роҳ  монда,  дар  давраи  ҳисоботӣ  як  қатор   корҳоро  ба  анҷом  расонид. Дар иҷрои нақшаи   обуна  ба  нашрияҳои  ҳизбӣ  масъулияти  баланд нишон  дода,  барои  сари  вақт  бароимадан аз уҳдаи  нақшаи обуна   чораҳои зарурӣ  андешида, нақшаи ба зиммадоштаро пурра  иҷро  намуд.

Инчунин қайд  намуд, ки  ҳамаи  кормандон, аъзои  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  буда,  айни замон дар   қайди ташкилоти  ибтидоӣ  56  нафарро  ташкил  медиҳад, ки  ҳамаашон  шаҳодатномаи    ҳизбӣ  доранд. 

Инчунин, дар  маърӯза оид ба  масъалаҳои  ҳалталаби  ташкилоти  ҳизбӣ ва  корҳои  ба  анҷом  расонида   тибқи талаботи   Оиннома  ва Барномаи  ҳизб маълумоти муфассал пешниҳод гардида, зикр карда шуд ки    аъзои  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон барои  таҳкими  давлати  соҳибихтиёр, демократӣ  ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ  ва  ягона,  инчунин  иқтисодиёти  устувор, ки  баҳри  беҳбудии  ҷомеа  нигаронида  шудааст,   ҳамарӯза  фаъолияти густурда дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg