БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН ВАЙРОНА АЗ ЁР АСТ, Ё АҒЁР Ё ҲАР ДУ...

Ватан вайрона аз ёр аст, ё ағёр ё ҳар ду,

Мусибат аз мусалмонҳост, ё куффор, ё ҳар ду,

Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд, аммо намедонам,

Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст, ё кирдор, ё ҳар ду.

ВОКУНИШ.  Албатта имрӯз ҳамаи мову Шумо шоҳиди воқеаи нангине, аз тарафи як гурӯҳ бадхоҳони миллат дар ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғи вилояти МК Бадахшон рӯх дод, огаҳ гардидем. Мебинем, ки сару садоҳо аз тарафи ифротгароён, иғвоангезони миллат ва муттаҳамони хоҷагони хориҷи тавассути шаббакаҳои интернетии Фейсбук ва Ютуб баланд гардида,  тамоми ҷомеаи тоҷикони ҷаҳонро ба доми фиребу дассисабозиҳо кашида истодаанд. Дар зери чунин пардаҳо сагбачагоне бо номи Ашӯр Ҳусейн, Салмон, Муҳиддин Кабирӣ, Абдураҳмон, Муҳаммадиқболи Садриддин ва чандин носипосони дигар ҳастанд, ки бо воситаи ин найрангбозиҳо ҳаводорони барномаҳои худро тариқи шабакаҳои интернетӣ зиёд намуда, аз ҳисоби тамошобинон (просмоторщик)-ҳои худ тариқи васоити ширкатҳои алоқаи электронии давлатҳои аврупо пули зиёде ба даст меоранд. Инчунин, набояд аз хотир баровард, ки аз даврони пайдоиши давлатдорӣ дар кураи замин давлатҳои абадқудрат барои забт кардани давлатҳои хурд нақшаҳои зиёде тарҳрезӣ менамоянд, ки яке аз нақшаҳои он чунин найрангу дассисабозиҳои ана ҳамин ғуломони ҳалқабаргӯши дар боло номбаршуда мебошад.

Масалан, фарҳанги либоспӯшии моро аз байн мебаранд, итоат накардани қонунҳои давлатро меомӯзонанд, ба ном ислом гуфта ҳар гуна анъанаҳоро амалӣ месозанд, ҷиҳод дар роҳи Оллоҳ гуфта мардумро ба коми марг мекашанд, бисёрзанагиро дар байни мардон роҳандозӣ менамоянд,

саводнокии мардумро оид ба азхудкуниии илмҳои дақиқ ва сиёсӣ барҳам мезананд. Умуман бисёр равияву фарҳангҳоеро ҷорӣ менамоянд, ки боиси аз байн рафтани фарҳанги давлатдорӣ ва генотсиди миллат мегардад. Худ як бор аз онҳо суол кунед, ки онҳо худ дар дохили кишвар ва берун аз он барои мардуми Тоҷикистон чи амалҳои нек анҷом додаанд. Мутмаъинам, ки ягон мактаб, бунгоҳи тиббӣ, роҳу купрӯк ва ё масҷид насохтаанд. Лекин забон дар даҳон устухон надорад, ҳар куҷо хоҳад тоб мехӯраду бо маҳорати сухандонии дурӯғини худ мардумро бовар мекунонанд. Мутаасифона, қисмате аз мардуми Тоҷикистон аз маҳорати сухангӯйии онҳо лаззат бурда, мехоҳанд бештар барномаҳои онҳоро тамошо кунанд. Як чизро набояд фаромӯш кард. Шайтон бузургтарин сухандони дунёву қиёмат аст! Вале аз даргоҳи Илоҳӣ ронда гардидаасту тавқи лаънат дар гарданаш то рӯзи абад авезон аст. Ана дӯстони азиз ҳамон тавқи лаънатро имрӯз Шумо дар гардани ана ҳамин ғуломакони хоҷагони хориҷие, ки ҳар рӯз ба марзи Тоҷикистон санги лаънат мепартоянд метавонед бубинед. Яъне, раъди маърака гардидаанду фардо дар назди қонуни давлат ва шариати ислом ҷавоб хоҳанд дод.

Дӯстони азиз! Ҷавонони боору номуси Бадахшон Шумо ҳоло насли ҷавонед! Шумо даврони мушкилиҳое, ки солҳои 90-ум ба сари мардуми тоҷик махсусан дар минтақаи Кӯлобу Бохтар ба вуқӯъ омада буд, надидаед. Ақидаҳои нопоки гурӯҳҳои дар боло номбаршударо аҳамият надиҳед! Бовар кунед, дар ҳамин кишвари мо фақат заҳмати ҳалол кунед ва каме ватану миллатро дӯст доред дигар ягон мушкилие нест. Бубинед давлати Афғонистони ҳамсояро! Агар қабилаҳои тоҷику ҳазора, ӯзбеку афғон якдилона мебуданду ваҳдат медоштанд? Ҳеҷ гоҳ, толибони хунхор кишварони онҳоро бо мототсикл ва яроқи Калашников фатҳ намекард. Ман боварӣ дорам, ки Шуморо бо ҳар гуна наворҳои дурӯғ маълумотҳои беасос ғамгину нороҳат мекунанд, то дар вуҷуди Шумо хашму ғазаб бедор гардида аз ватану давлати худ эътирози норозигӣ баён намоед. Дар шароите, ки имрӯз дар ВМК Бадахшон муҳайёст, дар даврони қаҳрамони миллии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур набуд. Лекин тавонист миллату давлатро муаррифӣ намояд. Магар чандин зиёиёну номварони кишвар аз мардуми Бадахшон ҳастанд, ки имрӯз дар мансабҳои гуногуни роҳбарӣ ба ватану миллат хизмат намуда истодаанд.

Дар охир ҳаминро гуфтаниям, ки ҳар як амали нопок новобаста аз тарафи кӣ! анҷом дода мешавад, фардо посух дорад. Нагузоред то бародарони Шумо ва ё дӯстони Шумо ба чунин гурӯҳҳои тундрав шомил гардида, дар шаҳрҳои Руссия ва Авруппо гирдиҳамоиҳо ташкил намоянд. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявисту ВМК Бадахшон узви ҷудонашавандаи он аст!.

Абубакр Ҷалолов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg