БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ҲИЗБИИ «КӮДАКИСТОН»

Ш.ШОҲИН. Дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯдакистон» бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ Асақолов Алиҷон, Неъматов Абдуҷаббор, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Хоҷааллоева Ғарибмо ва аъзову фаъолони ҳизб маҷлиси ҷамъбастӣ солона доир гардид.

Сараввал Хоҷааллоева Ғарибмо раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба сухан баромада, дар бораи  фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯдакистон» дар муддати як соли ҳисоботӣ ҳисобот пешниҳод намуд. Маҷлиси ҷамъбастии солонаи ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фарогири мавзӯҳои рӯзмарра, аз ҷумла «Натиҷагирӣ аз   фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 ва муайян намудани вазифаҳои барои семоҳаи аввали соли 2022 »  ва масъалаҳои ҷорӣ  буд.

Сипас, Неъматов  Абдуҷаббор  мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ба сухан баромада, ҳисоботи раиси ташкилотро қаноатбахш ҳисобида, барои фаъолияти ин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар корҳои ояндаашон муваффақиятҳо орзу намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg