БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Покизагии шаҳр обрӯи шаҳрвандон аст

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хоҷагии коммуналии шаҳр» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Ализода Одил доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва тозаву покизагии шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан, Ализода Одил дар суханронӣ қайд намуд, ки тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ  ҳифз намудани саломатӣ, тарзи зисту зиндагии инсон нақши асосӣ мебозад. Ташаккули тарзи ҳаёти солим ва муносибати масъулиятнок нисбат ба саломатии худ ба сатҳи маърифату маданияти аҳолӣ вобаста мебошад. Дар инкишофи бисёре аз бемориҳо худи инсон, маданияти пасти санитарии ӯ, тарзи носолими ҳаёт ва муносибати манфӣ нисбат ба саломатии худ омили нодуруст дониста мешавад.

Солим будан-бояд талаботи ботинии ҳар як инсон бошад. Қайд кардан зарур аст, ки ҳолати саломатӣ танҳо аз фаъолияти бахши тандурустӣ вобаста нест, вай бо таъсири байниҳамдигарии омилҳои маҷмӯъӣ, фардӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ, вазъи зиндагӣ ва интихоби фардӣ асоснок карда шудааст. Ҳар як инсон ба гирифтани иттилоот ҳуқуқ дорад ва бояд оид ба пешгирии бемориҳо ва мустаҳкам намудани саломатӣ донишҳои зарурӣ дошта бошад, ки принсипи асосии ташаккули ҳаёти солим мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg