БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ДЕҲАИ СЕЛБУР

ВОСЕЪ. Дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Восеъ дар деҳаи Селбури ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бо фаъолони деҳа ва ҷавонон вохӯрӣ гузаронида шуд.

Дар ин ҷамъомад Сафаралӣ Мирзоев муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия вобаста ба иштироки шаҳрвандон дар корҳои ободонию созандагӣ, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, риояи қонунҳои амалкунанда, омода намудан

и ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ баромад намуд.

Ёдовар мешавем, ки дар вохӯрӣ зиёда аз 300 нафар сокинон иштирок намуданд ва дар идома баромадкунандагон ои ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигиву  президентӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз суханронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg