БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗИ ЁДОВАРӢ ДАР МАҲАЛ АМАЛӢ ГАРДИД

ВОСЕЪ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”, сокинони савобҷӯ ва дигар фаъолони ҳизб, дар оромгоҳи деҳаи Ҳасан Қурбонови ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳия Аксияи ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд.

Бояд қайд намоем, ки аз баргузории аксияи мазкур сокинон хеле шод гардида, охири ҳар моҳ барои саҳм гузоштан дар чунин амали хайр оромгоҳҳои деҳаро тозаву озода менамоянд.

Дар аксияи мазкур иштирокдорон дохил ва атрофи қабристонро аз хасу хошок ва алафҳои хушкшуда тоза намуда, иброз доштанд, ки шод намудани рӯҳи гузаштагон амали хайру савоб аст. Бинобар ин сабаб кӯшиш менамоем то охири ҳар моҳ  дар ин аксия фаъолона иштирок намоему аз савоби  ин амали хайр бебаҳра намонем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg