БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РӮЗИ ЁДОВАРӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

ЛЕВАКАНТ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар якҷоягӣ бо волонтёрон – аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва дигар фаъолони ҳизб дар қабристони ҷамоати деҳоти Ваҳдат Аксияи ҳизбии “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд.

Дар аксияи мазкур зиёда аз 20 нафар сокинон ва волонтёрон иштирок намуда, дохил ва атрофи қабристонро аз хасу хошок ва алафҳои хушкшуда тоза намуда, саҳми арзандаи худро дар ин аксияи мазкур  гузоштанд.

Ҳамзамон дар натиҷаи гузаронидани ҳашари умумӣ аз тарафи масъулин ба иштирокчиён муҳтаво ва ҳадафи аксияи ҳизби  фаҳмонида шуда, қайд гардид, ки онҳо метавонанд минбаъд низ ҳар моҳ чунин кори хайрро амалӣ намуда, рӯҳи гузаштагони худро шод намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg